Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Санҷиши маҳорати педагогии омӯзгорон

Санҷиши маҳорати педагогии омӯзгорон

Тавре иттилоъ дода будем, бо ташаббуси роҳбарият ва раёсати таълими донишкада бо мақсади такмили ихтисос, сайқали малака ва маҳорати педагогӣ барои ассистентон ва муаллимони ҷавон аз 25 то 31 январи соли 2017 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» гузашт. Дар он 44 нафар ассистентони бе собиқаи кории педагогӣ ва камтаҷриба нозукиҳои касби муаллимиро дар такя ба илмҳои педагогика ва психология, ҳамчунин бо овардани мисолҳо аз ҳолатҳои воқеӣ омӯхтанд. 
Рӯзи 3 феврал шунавандагони курсҳои омӯзишӣ имтиҳон супориданд. Натиҷаи имтиҳон аз он дарак дод, ки устодони ҷавон тавонистанд то дараҷае аз нозукиҳои касби педагогӣ, маҳз аз методҳои нави фаъоли таълиму тарбия, инноватсияи таълим, хусусиятҳои хоси синнусолӣ, инфиродӣ ва тафаккури шахс дар раванди таҳсил бархӯрдор шаванд. 
Устодон дар ҳузури н.и.п., дотсент Носиров С.Ш., ва мутахассиси шуъбаи мониторинг ва сифати таълим Иброҳимов Д. имтиҳон супориданд. Қабули имтиҳон воқеӣ ва шаффоф сурат гирифта, дар он 38 нафар комёб гардиданд ва соҳиби Сертификат хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки баргузории курсҳои такмили ихтисос ва иштироки фаъолонаи устодони донишкада дар онҳо метавонад ба боло бурдани савияи дониш ва тарбияи ҳамаҷонибаи  мутахассисони оянда таъсири мусбӣ расонад. 


Абдуллоева М.