Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паём ва ҷанбаҳои иқтисодии он

Паём ва ҷанбаҳои иқтисодии он

9-уми феврали соли ҷорӣ тибқи нақшаи маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи омор ҳамоиши илмӣ оид ба нуқтаҳои муҳимми ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Маҳфили илмии донишҷӯёнро мудири кафедраи омор Мастура Буриева кушода, ҳозиринро бо барномаи маҳфил шинос намуд.
Дар маҳфил маърӯзаи ассистенти кафедраи омор Бадриддин Азизов шунида шуд. Номбурда ба самтҳои иқтисодӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият, ки аз Паёми имсола бармеоянд, ба ҳозирин иттилоъ дод. Зикр гашт, ки воқеан ҳам дар зарфи 25 сол халқи тоҷик ба шарофати заҳмати софдилонаи хеш дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар тақвияти гуфтаҳои Б. Азизов донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси омор Д. Давлятов дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар таҳкими рушди устувори иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирӣ ва шомил нагардидани ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ дастгирӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҳама маврид чун неруи ояндасоз баҳри рушди иқтисодиёти кишвар хизмат хоҳанд кард. 


Насрулло Тӯйчизода