Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои иқтисодӣ дар Паём
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи таърихӣ ироа гардид, яъне дар соле, ки мардуми арҷманди кишвар 25-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд. Ҳамзамон дар Паём фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар тӯли ин солҳо ҷамъбаст гардид. Аз таҳлилҳои Роҳбари давлат бармеояд, ки сар задани ҷанги таҳмилӣ боиси монеи рушди кишвар дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ гашт. Ҷумҳурии мо дар солҳои 2000-ум ба марҳилаи асосии рушд ворид шуд ва дар ин давра иқтиқрори сулҳ ва ташаккули ваҳдати миллӣ таъмин гардиданд, - иброз намуд декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, дотсент Хуршед Давлатов зимни ифтитоҳи маҳфили илмӣ-назариявӣ ва зеҳнии «Иқтисод ва ҷомеа»-и ин факултет, ки рӯзи 11-уми феврал бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи захираҳои обию энергетикӣ ва таъмини рушди устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Роҳбари маҳфил, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси суғурта Ҷовидон Халифаев ин мавзӯъро тақвият дода, бо истифода аз тахтаи электронӣ ва муаррифии васеъ дар ҷадвал ва нақшаҳо дар бораи нақши Роҳбари давлат дар рушди соҳаи захираҳои обию энергетикӣ баромад намуд.
Ба андешаи мавсуф, имрӯзҳо НОБ-и Норак 70 фоизи ҷумҳуриро бо барқ таъмин менамояд ва тавре Президенти мамлакат иброз намуданд, пас аз ба кор шуруъ намудани НОБ-и Роғун умри НОБ-и Норак 100 сол зиёд мешавад.
Тибқи таҳлилҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати оби тоза дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол менамояд.
Дар идомаи маҳфил дотсенти кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев дар мавзӯи «Масъалаҳои молиявии баэътидоловарии тағйирёбии иқлим ва таъмини захираҳои обию энергетикӣ» маърӯза намуда, оид ба омилҳои таъсиррасонанда ба табиат таҳлилҳо намуд.
Номбурда иброз дошт, ки аз ҳама бештар ба табиат партовҳо таъсири манфӣ мегузорад, инчунин истифодаи ғайримақсадноки табиат, хусусан буридани дарахтон ба нестшавии ҷангалҳо оварда мерасонад.
Дар охир декани факултет дар такя ба Паёми Пешвои миллат иброз дошт, ки дар ҳадафҳои стратегии кишвар яке аз мақсадҳои олии дигар - шуғли маҳсулнок, яъне омоданамоии кадрҳои пурмаҳсул баҳри рушди босуботи иқтисодии ҷомеа илова гардид. Акнун ҷавононро мебояд, ки бо умеди ояндаи нек иқдомҳои наҷибу созандаро дар илмомӯзӣ ва рушди устувори иқтисодӣ роҳандозӣ намоянд.
Наврӯз Ҷобиров