Хабарҳо

Боз як дастоварди илмӣ
Боиси шодмонист, ки сол ба сол шумораи устодони унвондор дар донишкада меафзояд. Ин навбат Фасихов Исломуддин Саймирзоевич, унвонҷӯи кафедраи иқтисод ва идора дар КАС-и ДМТ, сардори Раёсати таълими донишкада рӯзи 31 январи соли равон дар Шӯрои диссертатсионии Д. 08.15.520 дар назди Институти иқтисодиёт ба номи Ҷ. Алишбаеви Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Академияи молия ва иқтисоди Бишкек бо муваффақият рисолаи номзадии хешро ҳимоя кард.
Рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Ташаккули стратегияи амнияти иқтисодӣ дар шароити трансформатсияи хоҷагидории миллӣ (дар мисоли амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон)» зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид дифоъ гардид.
Мо Исломуддин Фасиховро бо ин дастоварди беназир муборакбод намуда, барояш саломатӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳои навинро таманно дорем.