Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақсад: боло бурдани маърифати молиявӣ

Мақсад: боло бурдани маърифати молиявӣ

Санаи 13 феврали соли ҷорӣ маҳфили илмӣ-адабии кафедраи забонҳои хориҷии донишкада таҳти унвони «Забондонӣ- ҷаҳондонӣ» (To know language- to know the world) дар мавзӯи «Роҳҳои ба даст овардани пул» (How to earn money) доир гардид.
Дар оғози маҳфил мудири кафедра Носир Тӯйғунов иброз дошт, ки имрӯз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба буҳрони молиявӣ рӯ ба рӯ гаштаанд. Аз ин рӯ, мавзӯи вобаста ба пул ва роҳҳои ба даст овардани он дар ин нишаст муҳокима карда мешавад. 
Донишҷӯёни курси 2 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Султонзода У., Фатҳуллои И. ва Саидумрони К. дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши пул» андешаронӣ карданд. Гуфта шуд, ки азбаски замонҳои пеш пул вуҷуд надошт, одамон бо роҳи иваз кардан (бартер) доду гирифт мекарданд. Пас аз пайдоиши сиккаҳо ва тангаҳои гуногуни тиллоӣ ва нуқрагин одамон тавассути он молу ашёи рӯзгорро харидорӣ мекардагӣ шуданд.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло донишҷӯи курси 2 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Нозанини Сорбон оид ба роҳҳои дурусту самаранок истифода бурдани пул ва дар ҷойҳои бехавф нигоҳдорӣ кардани он фикру андешаҳояшро зикр намуд.
Дар фарҷом гуфта шуд, ки барои тақвияти донишҳои иқтисодию молиявӣ ва забондонии донишҷӯён маҳфил моҳе як маротиба баргузор гардида, масъалаҳо ба забони англисӣ баррасӣ мегарданд.


Файзалӣ Султонов, устоди кафедра забонҳои хориҷӣ