Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саҳми соҳибкории хурд дар рушди иқтисодиёт

Саҳми соҳибкории хурд дар рушди иқтисодиёт

Дар таърихи 15 феврали соли ҷорӣ семинари илмӣ-назариявӣ ва методии кафедраи таҳлили иқтисодӣ баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедра Бадриддин Музаффаров оғоз намуда, дар мавзӯи «Таҳлили корхонаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда» маърӯза кард. Шумораи корхонаҳои истеҳсолии соҳибкорӣ дар бахши саноат сол то сол афзоиш ёфта, теъдоди онҳо ба 2116 адад ва шумораи субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба 290 ҳазор расидааст, гуфт Б. Музаффаров.
Ҳамчунин дар семинар маърӯзаи ассистенти ҳамин кафедра Холаҳмади М. дар мавзӯи «Соҳибкории хурд дар рушди иқтисоди миллӣ» шунида шуд. Номбурда ба самтҳои иқтисодӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият, вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз Паёми имсола бармеоянд, ба ҳозирин иттилоъ дод. 
Баъдан донишҷӯи курси 2, ихтисоси таҳлили иқтисодӣ М. Наботов  дар мавзӯи «Нақши бизнес-инкубатор дар иқтисодиёт» баромад намуда, зикр сохт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди соҳибкорӣ дар иқтисодиёти мамлакатамон нақши муассир гузошт. 
Дар интиҳо ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳибкорӣ дар мамлакат пешниҳодҳои муфид карда шуд. 


Хисрав Муҳиддинов