Хабарҳо

Таҳияи моделҳо барои рушди иқтисодиёт
Санаи 16-уми феврал бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисод дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсияи ДМИТ дар мавзӯи «Таҳияи моделҳо барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ» конференсияи илмӣ-амалии донишкадавӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба илм Ғ. Ашуров зимни сухани ифтитоҳӣ мавзӯи конференсияро муҳим ва рӯзмарра муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне тағйирёбии вазъи иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири он ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳо, аз моделҳо хеле фаровон истифода мебаранд.
Ба андешаи мавсуф, моделҳои иқтисодӣ яке аз усулҳои судманд ва аз нуқтаи назари илмӣ роҳҳои ҳал намудани мушкилиҳо дониста мешавад: «Дар шароити ҳозира дар самти таҳлил ва дурнамосозии системаи мураккаби иқтисодӣ, моделҳои иқтисодӣ яке аз воситаҳои арзишманд ба ҳисоб меравад, чунки он метавонад ба иқтисодчиён барои таҳлили системавӣ ва қабули қарори дахлдор ёрӣ расонад».
Дар идома ассистенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт З. Хушмуҳаммадзода дар мавзӯи «Таҳияи моделҳо барои рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муовини декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Р. Бобохонов дар мавзӯи «Татбиқи ҳукумати электронӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ» баромад намуданд.
Ҳамчунин дар рафти конференсия дигар устодони донишкада дар мавзӯъҳои матраҳгардида маърӯзаҳо карданд. Дар охир музокираю суолу ҷавоб сурат гирифт.
Наврӯз Ҷобиров