Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии судманд

Вохӯрии судманд

Рӯзи 17 феврали соли равон дар донишкада вохӯрии устодону донишҷӯён бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти ҶТ – Адолат Раҳмонова, роҳбари Шӯрои занони сулҳовари назди Кумита ва Сабоҳат Маҳмадалиева, ҳамчунин намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора, сардори Сарраёсати пешгирии коррупсионӣ ва Маҷидӣ Абдукарим доир гардид.
Ҷамъомадро Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим кушод ва ташкили ин қабил вохӯриҳоро муҳим арзёбӣ карда, барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифатии иштирокдорон мусоидаткунанда номид.
Сараввал собиқадори меҳнат ва арбоби давлатӣ Адолат Раҳмонова дар такя ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат, пешравии соҳаи маориф ва илм, донишандӯзии ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша кард. Мавсуф, аз ҷумла дар бораи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ изҳори нигаронӣ карда, насли ҷавонро ба дӯст доштани Ватан, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Сипас Нигора Муқимӣ ва Маҷидӣ Абдукарим баромад карда, доир ба тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ истода гузаштанд.
Нигора Муқимӣ дар баромадаш доир ба бандҳои алоҳидаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва татбиқи он бо овардани мисолҳои мушаххас ба ҳозирин маълумот дод. Мақсади баргузории вохӯрии навбатиро дар фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, шарҳи мақсади барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муқовимат бо коррупсия донист. 
Ӯ ба ҳозирин муроҷиат карда, дар ошкор, пешгирӣ ва муқовимат бо ин амали номатлуб фаъол буданро тавсия дода, афзуд, ки бетарафӣ барои реша давондани коррупсия асос мегузорад.
Дар охир табодули афкор сурат гирифт.


Машҳура Абдуллоева