Хабарҳо

Низоми хазинадорӣ дар шароити муосир
Кафедраи баҳисобгирии муҳосибии донишкада дар таърихи 18 январи соли ҷорӣ таҳти унвони «Ислоҳоти низоми хазинадорӣ ва ҳисобот дар муассисаҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор намуд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз дошт, ки барои ташаккул ва рушди иқтисодиёти кишвар дар доираи сиёсати иқтисодии аз тарафи ҳукумат интихобгардида танзими давлатии иқтисодиёт мавқеи муҳим дорад. Аз ҷумла, номбурда афзуд, ки яке аз механизмҳои муҳимме, ки имконият медиҳад давлат танзими иқтисодиётро гузаронад, ин механизми молиявӣ - низоми молиявии ҷамъиятӣ буда, қисми муҳимми онро буҷети давлатӣ ташкил медиҳад.
-Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар шароити гузариш ба усулҳои бозории идоракунии иқтисод яке аз чораҳои таъсирбахши ислоҳоти азими ҷараёни буҷетӣ ин ташкили низоми хазинадорӣ буда, мақсад аз он баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ мебошад, гуфт Ғ. Ашуров.
Сипас Рустам Қудратов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, аъзои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Идоракунии маблағҳои буҷетӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баромад карда, оид ба мавқеи идоракунии буҷети давлатӣ ва самтҳои асосии мукаммалгардонии маблағгузориҳо бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро иброз дошт.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло сардори шуъбаи Хазинадории ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҳмадқул Ҷумаев суханронӣ карда, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим арёбӣ кард.
Дар интиҳои чорабинӣ қайд гардид, ки низоми нави баҳисобгирии муҳосибии дорои коркарди шартҳои нав, меъёрҳои гузошташуда ва ба роҳ мондани онҳо бояд маҷмӯи ҷузъиёти инфрасохтори бозориро ташкил намояд, ки иқлими мусоидро барои шинос кардани субъектони хоҷагидорӣ бо бозори байналмилалии сармоя ва сармоягузорони хориҷӣ таъмин менамояд.
Хисрав Муҳиддинов