Хабарҳо

Таҷлили иди родмардони Ватан
Ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети молия ва қарзи донишкада чорабинии фарҳангӣ доир намуд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Ахмедова оғоз намуда, сарбозони шуҷои ватан ва дар симои онҳо кулли кормандонро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Меҳмони чорабинӣ корманди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Боқӣ Шарифзода зимни суханрониаш, афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи душворро паси сар намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавӣ омӯхт ва давра ба давра такмил ёфта, ба яке аз артишҳои касбӣ табдил ёфт.
Ҳамчунин донишҷӯёни факултет Фотима Давлатова ва Меҳрангез Турсунова дар мавзӯи «Аз таърихи Артиши миллӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар интиҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи Ватан қироат гардид.
Зарнигор Ҳимматова