Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардон аст

Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардон аст

Ҳамасола ба хотири мустаҳкам намудани сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми кишвар аз ҳадафҳои нопоки бадхоҳон ва ба муносибати эҳтироми сазовор гузоштан ба Артиши миллӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар мамлакат чорабиниҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ ва тарбиявию ватандӯстӣ доир мегардад. Чорабинии тантанавие, ки рӯзи 23-юми феврал ба ин муносибат дар ДМИТ гузаронида шуд, дар ин доира роҳандозӣ гардида, баҳри тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли ҷавони ояндасози диёр дар самти рушди қобилияти ҷисмониву зеҳнӣ саҳми сазоворе хоҳад гузошт.
Муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров бо сухани табрикотӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, тамоми сарбозону афсарони диёр ва дар симои ҳар яки онҳо мардони далеру ҷасурро ба ин санаи фархунда таҳният гуфт.
Ба андешаи мавсуф, бисёре аз устодон ва собиқадорони донишкада низ ҳамчун собиқадорони мақомоти қудратии кишвар ба ҳисоб мераванд ва барои ободии Ватан ва ҳифзи ин хоки муқаддас содиқонаву софдилона ва мардона хизмат намуда, имрӯзҳо дар таълиму тарбияи насли ҷавон нақши муассир мегузоранд.


Ir_v4001.jpgМавсуф Ифтихорномаҳоеро, ки ба унвонии кормандони донишкада: Ҷамшед Калаков, Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ва Наврӯз Умаров ба ифтихори 24-умин солгарди Артиши миллӣ аз ҷониби вазири мудофиаи ҶТ, генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ирсол гардида буд, ба соҳибонашон супорид. Ҳамчунин, ба якчанд нафар устодон ва донишҷӯён Ифтихорномаи ҷашнии донишкада тақдим гардид.
Ба чанд нафар донишҷӯи пешқадами донишкада, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихорӣ гирифтанд, Диплом супорида шуд, аз ҷумла ба ғолибони озмуни «Беҳтарин бизнес-нақшаи рушди сайёҳӣ» - Зарина Қурбонова барои ишғоли ҷои якум ва Шарофат Халилова барои ҷои сеюм Ифтихорнома супорида шуд. Ҳамчунин ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар вазни 100 кг Абдураҳим Муҳибов бо Диплом сарфароз гардонида шуд. 
Ҳамзамон дар ин чорабинӣ мусобиқаи волейбол байни устодон ва кормандони донишкада ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷом ва Дипломи дараҷаҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд. Ҳамин тавр, ҷои аввал насиби омӯзгорони факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, мақоми дувум насиби кафедраи назарияи иқтисодӣ ва ҷои севум ба факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ гардид.
Дар идома муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Иззатуллои Ҳабибзод ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯёнро самимона шодбош намуда, изҳор дошт, ки Артиши миллӣ дар замоне таъсис ёфт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда, вазъияти сиёсии мамлакат мураккаб гардида буд. «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баҳри барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар ва пойдор намудани сулҳу ваҳдати комил хизмати шоистаеро ба анҷом расонид», - афзуд ӯ.
Дар идомаи чорабинӣ устоди донишкада Сулаймон Дӯстов дар мавзӯи «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушду нумӯи кишвар» маърӯза намуд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ДМИТ Сайдалӣ Ҳаитов низ дар навбати худ бо ёдоварӣ аз мақому мартабаи артиш номаҳои табрикии аз дигар сохторҳо ба донишкада воридгардидаро ба самъи ҳозирин расонид.
Барномаи фарҳангиву фароғатии омодакардаи донишҷӯён, ки аз рақсу сурудҳои дилнишин иборат буданд, ба ид шукуҳу шаҳомати хоссае бахшид.


Машҳура Абдуллоева
Наврӯз Ҷобиров