Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯхтани мактаби ҷасорат барои ҷавонон

Омӯхтани мактаби ҷасорат барои ҷавонон

Санаи 21.02.2017 аз тарафи садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо шӯъбаи тарбияи донишкада таҷлили 24-умин солгарди Артиши миллӣ гузаронида шуд. 
Сараввал муовини ректор оид ба тарбия Ахмедова З. баромад намуда, ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуда, иброз дошт, ки ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин - озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Раиси ҷанговарони башардӯст дар донишкада Ҳаитов С. дар баромади худ қайд дошт, ки Артиши миллии Тоҷикистон, ки 24 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт. Бояд гуфт, ки адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастист. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.
Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни факултет маърӯзаҳо, шеърхонӣ ва саҳнача омода ва пешкаши тамошобинон гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Нурализода А.Н. дар бораи ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар баромад намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва муқаддасоти он даъват кард.


Умар Воҳидов