Хабарҳо

Баррасии самтҳои стратегии рушди бахши берунаи иқтисодиёт
Рӯзи 24 феврали соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва раёсати илм ва инноватсия дар донишкада конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Самтҳои стратегии рушди бахши берунаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишкада ифтитоҳ намуда, қайд дошт, ки дар шароити гузариш ва ташаккулёбии асосҳои низоми иқтисодиёти бозорӣ ба роҳбарони сатҳи давлатӣ ва корхонаҳои ватанӣ аз нигоҳи илмӣ ва таҷрибаи ҷаҳони муосир дарк намудани ҷараёни самтҳои стратегии бахши иқтисодиёти берунаи мамлакат ва татбиқсозии раванди муносибатҳои хориҷӣ ҳамчун амалияи тақвияти ҳамкорӣ зарур аст. Самти стратегии рушди бахши берунаи иқтисодиёти мамлакат ин рушди маҷмӯи дарозмуддати муносибатҳои иқтисодист, ки алоқа ва таъсири мутақобилаи иқтисодиёти миллӣ ва хоҷагии ҷаҳониро таъмин менамояд.
Баъдан Зуҳуриддин Кенҷаев, сардори Сарраёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омилҳои ба рушди иқтисодиёти берунаи кишвар монеашаванда баромад карда, якчанд роҳҳои бартарафсозии онро пешниҳод намуд.
Сипас Шавкат Бозоров, д.и.и., профессори кафедраи менеҷмент дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016-2020», Парвиз Ҳакимов, PhD-коршиноси масоили макроиқтисодии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯи «Дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамчун омили рушди бахши берунаи иқтисодиёти Тоҷикистон», Баҳром Шарипов, н.и.и., раиси Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетологҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Чораҳои молиявии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ» маърузаҳои пурмуҳтаво карданд.
Дар баромадаш Шавкат Бозоров як қатор чораҳои институтсионалии барои рушди содирот ва воридотивазкунанда мусоидаткунандаро пешниҳод кард, аз қабили таҳия ва қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ»; коркарди барномаи ташаккули кластерҳои муҳими коршиносӣ, аз ҷумла марказҳои рушди кластерӣ ва механизми татбиқи онҳо; ташаккули низоми миллии паҳнкунии донишҳои иқтисодиёти беруна; мукаммалсозии низоми омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони дар соҳаи танзим ва рушди содирот фаъолияткунанда; коркард ва ҷорӣ кардани низоми иттилоърасонии иштирокдорони фаъолияти иқтисоди беруна ба воситаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ; дастгирии иттилоотию машваратӣ ва мусоидати маркетингию таҳлилӣ дар пешравии содироти молҳои ватанӣ ва ғайра, ки татбиқи онҳо барои рушди ин самт созгор буда метавонад.
Конфронс дар бахшҳо корашро идома дода, дар ҷамъбаст барои мақомоти дахлдор таклифу пешниҳод ирсол карда шуд.
Машҳура Абдуллоева