Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саҳми ҷавонон дар рушди устувори ҷомеа

Саҳми ҷавонон дар рушди устувори ҷомеа

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба Соли ҷавонон бо ибтикори кафедраи фаъолияти гумрукӣ рӯзи 25 феврал дар донишкада мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.
Мавсуф дар баромадаш изҳор дошт, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии 150 банд тасдиқ шуда, он давра ба давра иҷро мегардад. Эълон шудани соли ҷавонон барои мо имтиҳон буда, аз насли ҷавон ташаббусу навоварӣ ва ҷидду ҷаҳди бештарро тақозо мекунад, гуфт Амирбекзода Ҳ.




Ӯ сабаби гаравидани ҷавононро ба гӯрӯҳҳои экстремистиву террористӣ аз гумроҳии эшон дониста, бо овардани мисолҳои дақиқ аз аҳодиси набавӣ дар бораи ғояҳои инсондӯстӣ ва ваҳдат дар ислом мушаххасан истода гузашт ва ҷиҳодро дар хондан, хизмат ба падару модар ва хизмат ба Ватан маънидод кард. Амирбекзода Ҳ. ҷавононро ба донишандӯзиву ташаббускорӣ ва истифодаи имкониятҳои васеи фароҳамовардашуда барои такмилу камолот даъват кард.  
Сипас якчанд нафар донишҷӯёни фаъол – Тоҷиддин Ашуров, Ҳомидзода Нарзулло ва дигарон баромад карда, сазовор буданро ба боварии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон муҳим шуморида, бо дастовардҳои навин ва хониши аъло ҷамъбаст намудани соли ҷавононро таклиф карданд.
Дар охир дар бораи ҷавонон филми мустанад намоиш дода шуд.


Машҳура Абдуллоева