Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯи мо ғолиби озмуни "Беҳтарин бизнес-плани сайёҳӣ"

Донишҷӯи мо ғолиби озмуни "Беҳтарин бизнес-плани сайёҳӣ"

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Зарина Қурбонова (роҳбари илмиаш Ф. Убайдуллоев) барои ишғоли ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии "Беҳтарин бизнес-плани сайёҳӣ" бо дипломи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ сарфароз гардонида шуд. Лоиҳаи ӯ истеҳсоли маҳсулоти туристӣ ва савғотии беҳтарин ба туристон аст, ки аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифт. 

Мақсад аз баргузории ин қабил озмунҳо дар андешидани тадбирҳои судманд баҳри ҳарчи бештару беҳтар тарғибу ташвиқ намудани иқтидору захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин ҷалби ҷавонон ба соҳаи туризм ва омодасозии кадрҳои соҳа, масъалаҳои қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба сайёҳони хориҷӣ мебошад.


Мо бо ин дастовард Заринаро муборакбод намуда, барояш фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро таманно дорем.


М. Абдуллоева