Хабарҳо

ДМИТ БА ШАНБЕГӢ БАРОМАД
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз вохӯрӣ бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017 бармеояд, ҷиҳати кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рӯзи 26 феврали соли 2017 барои ҳамаи кормандону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон шанбегии умумидонишкадавӣ эълон гардид.
Дар шанбегӣ масъулон аз раёсати донишкада, устодону кормандон ва донишҷӯён зиёда аз 830 нафар иштирок намуда, баҳри кабудизоркунии роҳҳои атрофи ин таълимгоҳ, он минтақае, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шуда буд, саҳм гузоштанд.
Устодон ва кормандони донишкада аз кӯчаи Борбади ноҳияи Сино (масҷиди католикӣ) то кӯчаи Нахимов 64/14 ҳудуди бозори Деҳқонро тозаву озода карданд. Ҳамчунин ҳуҷраҳои кории худро низ тозаву поккорӣ, заминҳои наздиҳавлигиву бехи дарахту буттаҳоро мулоим ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Ҳамзамон бораи ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён истиқоматкунандагони хобгоҳҳои донишкада низ ба шанбегии умумидонишкадавӣ сафарбар шуданд.
Бегмурод Раҷабов,
сардори шуъбаи тарбияи донишкада