Хабарҳо

Артиши миллӣ кафили амният
Дар давоми 24 соли фаъолият Артиши миллии кишварамон ба яке аз мақомоти асосии таъминкунандаи оромиву амнияти мамлакат мубаддал гаштааст, гуфт декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявии донишкада Ҷурахон Шарипов рӯзи 22 феврали соли равон зимни баргузории чорабинии факултет бахшида ба 24-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номбурда афзуд, ки имрӯз бо боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки тамоми кормандон, аскарон ва сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, хидмат ба халқу ватан ва меҳнати софдилонаи худ дар пешрафт ва ободу зебо гардонидани ин сарзамини муқаддас саҳми худро мегузоранд.
Донишҷӯи курси 3, раиси созмони ҷавонони факултет Алиев Музаффар дар мавзӯи «Артиши миллӣ ва нақши он дар пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, тазаккур дод, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як фарди ватандӯст ҳам фарз асту ҳам қарз.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидарӯҳии аҳли нишаст донишҷӯён суруду таронаҳо дар васфи Ватан ва саҳначаҳои тарбиявии омоданамудаашонро пешкаши ҳозирин гардониданд.
Фатҳулло Муминов,
эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултет