Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баҳсҳо  дар муносибатҳои ҳуқуқи андоз

Баҳсҳо дар муносибатҳои ҳуқуқи андоз

Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Ҷавобгарии маъмурӣ-ҳуқуқӣ ва баҳсҳо дар муносибатҳои ҳуқуқи андоз» баргузор гардид. Онро мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Саидалӣ Ҳаитов ифтитоҳ намуда, ба донишҷӯён доир ба мазмуну муҳтавои ин чорабинӣ иттилоъ дод. 
Сипас сардори Раёсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Нурзода баромад карда, доир ба ҷанбаҳои қонунгузории андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби татбиқи муҷозот дар системаи қонунгузории андоз иттилоъ дод.
Дар навбати худ донишҷӯён ба саволҳои хеш дар робита ба ин мавзӯъ посухҳои қаноатбахш гирифтанд. 
Ҳамзамон дар рафти семинар дотсенти кафедра Ҷ. Бобоев ва ассистенти кафедра Ф. Каримов маърӯза намуданд. 


Насрулло Тӯйчизода