Хабарҳо

Онлайн-конфронс бо донишгоҳи Челябинск
Санаи 14 феврали соли 2017 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ ва филиали Донишгоҳи молияи Ҳукумати Федератсияи Россия дар Челябинск онлайн-конференсияро дар мавзӯи «Стратегия устойчивого развития в исследованиях молодых учёных» баргузор намуданд. Аз ҷониби ДМИТ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Сафаров Б.Г. суханронӣ намуда, мавқеи донишкадаро дар робита ба ин мавзӯъ баён сохт.
Дар конференсия якчанд масъалаҳо аз тарафи ҳарду ҷониб вобаста ба механизми иқтисодӣ, чӣ гуна будани андоз дар сатҳи давлатдорӣ, ояндаи менеҷментҳо дар иқтисодиёти навин баррасӣ гардид.
Аспирантони донишкада Умарҷон Шарипов, Нигина Урунбоева, Суруши Аловиддинпур, Азизулло Сафаров ва донишҷӯёни фаъоли дар ин конфронс иштирокдошта - Нозанини Сорбон, Раҷаб Рӯзиев, Ситора Ваҳҳобова, Парӣ Абдулазизова, Саидумрон Раҳмонов соҳиби сертификат шуданд.
Насрулло Тӯйчизода