Хабарҳо

«Арӯси наврӯзӣ» дар ДМИТ
Бо мақсади тарбияи донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи худшиносию илмгароӣ, одоби оиладорӣ, ҳамчунин сайқал додани маҳорати ҳозирҷавобӣ, кадбонуиву рӯзғордорӣ ва оиладорӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 2 марти соли равон озмуни донишкадавии «Арӯси наврӯзӣ» баргузор гардид.
Дар он донишҷӯдухтарони 6 факултет ва шуъбаи магистратура – Дилноза Шавкатзода, магистранти курси 2, Фотима Давлатова, донишҷӯи курси 1, факултети молия ва қарз, Қирғизмо Ақназарова, донишҷӯи курси 1, факултети технология иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Амина Умарова, донишҷӯи курси 2, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, Мунира Абдураҳмонова, донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омор, Нилуфар Раҳматова, донишҷӯи курси 1, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ва Муборак Иброҳимова, донишҷӯи курси 3, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ иштирок доштанд.
Духтарон аз рӯи 5 шарт – намоиши либоси наврӯзӣ, соҳибхонагӣ, кадбонугӣ, ҳозирҷавобӣ ва соҳибҳунарӣ маҳорати худро нишон доданд. Онҳо бо намоиш додани либосҳои миллии қадима ва муосир, дарзмол кардани шиму куртаи мардона ва бастани галстук, омода кардани хӯришҳои наврӯзӣ, ҷавоб додан ба саволҳои марбут ба устувории оила ва рӯзғордорӣ, ҳамчунин аз таърихи ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он байни ҳам сабқат карданд.
Озмунро ҳайати ҳакамон - Носир Бӯриев ва Муниса Бобоева, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳбуба Азимова, намояндаи Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Ҷӯраева, намояндаи Кумитаи муттаҳидаи Иттифоқи касабаи ҶТ, Зарина Файзуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино баҳогузорӣ карданд.
Хуллас, духтарон тамоми маҳорату кордонӣ, назокату фаросат ва донишашонро ба ҳозирин намоиш доданд. Озмун ҷамъбаст гардида, Дилноза Шавкатзода ба ҷои аввал сазовор дониста шуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳҳат гирифт. Ҷои дувумро Фотима Давлатова ва Нилуфар Раҳматова, ҷои севумро Мунира Абдураҳмонова ва Қирғизмо Ақназарова бо ҳам диданд.
Бояд гуфт, ки ташкил ва баргузории ин қабил озмунҳо барои баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавондухтарон мусоидат менамояд.
Машҳура Абдуллоева