Хабарҳо

Коркарди базаи маълумотҳо дар забони барномасозӣ
Рӯзи 27 феврали соли ҷорӣ кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт маҳфили илмии донишҷӯёнро дар мавзӯи мавриди назар баргузор кард.
Маҳфилро мудири кафедра София Темурбекова оғоз намуда, зимни баромади худ қайд кард, ки гузаронидани чунин маҳфилҳои илмӣ ба манфиати донишҷӯён мебошад. Зеро онҳо аз навигариҳои технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт огоҳии бештар пайдо мекунанд.
Сипас Алишер Воҳидов, донишҷӯи курси 4 зери роҳбарии ассистенти кафедра Н. Мирзоев барномаи коркарди базаи маълумотҳо дар забони баронмасозиро таҳия ва пешкаш намуд. Барномаи мазкур барои осонии кори комендантҳои хобгоҳҳо пешбинӣ шуда, дар он тамоми маълумотҳо дар бораи ҳар як донишҷӯ ворид карда шудааст, ки дар ҳолати зарурӣ фавран маълумоти дилхоҳ донишҷӯро метавон дарёфт намуд.
Дар охир миёни иштирокчиён оид ба барномаи омоданамудаи баромадкунанда баҳсҳо сурат гирифт.
Ҳалимов Илҳом, устоди кафедра