Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Самтҳои асосии такмили низоми андоз

Самтҳои асосии такмили низоми андоз

Санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар донишкада маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи молия ва муомилоти пулӣ баргузор гардид. 
Дар он донишҷӯи курси 3 Нуриддин Ҳомидов дар мавзӯи «Низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии такмили он» баромад намуда, оид ба мафҳум, намудҳо ва аҳамияту манфиати андозу нишондиҳандаҳои молиявии субъектони хоҷагидор ва алоқамандии онҳо бо фаъолияти давлат маълумот дод. Маърӯзачӣ иброз дошт, ки маҳз гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ, ки аз вазъи кунунӣ ва ояндаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бакорандозию азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолию молиявӣ вобаста мебошад, чораҷӯӣ ва ислоҳотҳои навро талаб менамояд. Дар ин самт зарурат ва аҳамияти дастгирии давлат ба воситаи имтиёзҳои андозӣ ва таъмини корхонаю ташкилотҳо бо захираҳои молиявӣ, ки он ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориҳои истеҳсолӣ замина мегузорад, зарур аст. 
Дар интиҳои чорабинӣ қайд гардид, ки рушду нумӯи иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, аз малака ва ривоҷу равнақ ёфтани шуғли аҳолӣ ва истифодаю риояи меъёрҳои қонунгузорӣ вобаста аст. Бинобар ин истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, меҳнатӣ ва молиявии давлат метавонад ба пешрафти соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мусоидат намояд. 


Хушбахт Ахмедов, устоди кафедра