Хабарҳо

Муаммоҳои микроиқтисодӣ дар шароити бозор
Санаи 28 феврали соли равон кафедраи назарияи иқтисодӣ бахшида ба Соли ҷавонон бо ҷалби васеи муҳаққиқони ҷавон, аспирантон ва магистрантон семинари илмӣ-назариявиро дар мавзӯи «Муаммоҳои микроиқтисодӣ дар шароити бозор» баргузор намуд.
Дар ибтидо профессори кафедра Дилбар Қандиёрова бобати омӯзиши микро-макроиқтисод, хусусан дарк намудану дар амал татбиқ кардани қонуниятҳои иқтисодӣ ҳамчун омили муҳимми рушди корхонаву соҳаҳо ва дар маҷмӯъ барои бартарафсозии муаммоҳои макроиқтисодӣ, яъне таъмини рушди босуботи иқтисодӣ андешаронӣ кард.
Сипас профессор Туҳфа Усмонова дар баромадаш унсурҳои алоҳидаи бозорро дар доираи қонунҳои арзиш, талаботу таклифот, нарху нархгузорӣ ва рақобати байни истеъмолгарону истеҳсолкунандагон, инчунин самараи Веблену Сноб, молҳои ҳамдигарро ивазкунанда ва молҳои ҳамдигарро пуркунанда, яъне назарияи рафтори исмеъмолкунандаро бо мисолҳои ҳаётӣ ва факту рақамҳо асоснок намуд.
Дар анҷоми ҷамъомад миёни ҳозирин оид ба масъалаҳои ҳалталаби мавзӯи баррасишуда мубоҳиса сурат гирифт.
Ҷаҳонгир Негматов, ассистенти кафедра