Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саҳми ДМИТ дар ободкорӣ

Саҳми ДМИТ дар ободкорӣ

Рӯзи 5 марти соли равон бо мақсади кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёну кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ҳамаи кормандону донишҷӯёни донишкада ба шанбегии умумӣ баромаданд.
Дар шанбегӣ масъулон аз раёсати донишкада, устодону кормандон ва донишҷӯён зиёда аз 850 нафар иштирок намуда, атрофи роҳи калони кӯчаи Борбадро то кӯчаи Нахимови ноҳияи Сино рӯфта ва ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Ҳамчунин як қисми донишҷӯёну кормандон атрофи ин таълимгоҳро тоза карда, заминҳоро побел ва бехи дарахту буттаҳоро мулоим карданд. Ҳамзамон иштирокчиёни шанбегӣ синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯёнро низ тозаву поккорӣ карда, бораи ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани он саҳми назаррас гузоштанд.


Машҳура Абдуллоева