Хабарҳо

Нақши ХБА дар рушди бизнеси байналхалқӣ
4 март бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Хазинаи байналмилалии асъор дар рушди бизнеси байналхалқӣ» доир гардид.
Маърӯзачии асосии семинар Бахтиёр Баҳриддинов - сардори Идораи омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои судманди ниҳодҳои молиявии кишвар бо Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) иттилоъ дод. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ дар давоми 23 соли охир рушд ёфта, барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ дар минтақа нақши муассир мегузорад.
Сипас донишҷӯён низ маърӯзаҳо намуда, донишу фаҳмиши худро дар робита ба ин мавзӯъ васеътар намуданд ва аз меҳмони чорабинӣ ба саволҳои худ ҷавобҳо гирифтанд.
Насрулло Тӯйчизода