Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни хобгоҳ модаронро табрик карданд

Донишҷӯёни хобгоҳ модаронро табрик карданд

Рӯзи 4 марти соли равон бо ташаббуси донишҷӯёни хобгоҳи №1 бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Модар беҳтарин ганҷинаи дунёст» баргузор гардид.
Сараввал Ҷовидон Халифаев, роҳбари маҳфили илмӣ-назариявии «Иқтисоддони беҳтарин» бонувон ва духтарони донишкадаро бо Рӯзи Модар муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ таманно кард.
Дар чорабинӣ донишҷӯён – истиқоматкунандагони хобгоҳ - Амирҳамза Раҳимов, Абубакр Саидов, Толибҷон Зарифзода дар васфи модар бо маҳорати баланд суруд хонданд.
Ҳамчунин гурӯҳи донишҷӯён муҳаббату эҳтироми хешро нисбат ба модар бо қироати шеър ифода карданд.
Чанд таронаи таъсирбахш дар бораи эҳтироми модар ва саҳначаи тарбиявию ҳаҷвӣ ба маҳфил ҳусни дигар зам карда, хеле ҷолибу хотирмон иҷро гардид ва аҳамияти тарбиявӣ дошт.


Машҳура Абдуллоева