Хабарҳо

Модарон ва бонувони гиромӣ!
Дар ҳақиқат, зан - Модар ва арҷгузорӣ нисбати манзалати он аз рисолати зиндагисозии ӯ бармеояд. Зеро модар вуҷуди муқаддас буда, оғозгари зиндагии инсонист. Хизмати модар дар ҳаёти инсоният беҳудуд аст, ки дар ин бобат бузургони мо фармудаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Дар тўли даврони истиқлолият вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва нақши онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон, инчунин проблемаҳои вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии занону мардон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Нақшаи миллии тадбирҳо дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дигар санадҳо, ки махсус ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик равона карда шудааст, ба тавсиб расиданд.
Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон мебошад.
Имрўз занон дар тамоми зинаҳои ҳокимият фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши арзандаи худро мегузоранд.
Боиси ифтихори мост, ки дар донишкада низ 253 нафар бонувон кору фаъолияти пурсамар доранд. Дар байни онҳо 4 нафар доктори илм, 13 нафар номзади илманд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд.
Модарону бонувони меҳрубон, Шумоёнро аз номи Раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар самимона таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, бурдборӣ ва дар ҳамаи иқдому ташаббусҳоятон муваффақиятҳо ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Бигзор ҳамеша сарбаланд ва хонаи обод дошта бошед!
Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим