Хабарҳо

Ҷаҳон аз номи Модар гирад оғоз!
Ҳамасола дар сар то сари ҷумҳурӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан-Модар рӯзи 8 март ҳамчун Рӯзи модар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад ва дар ин асос, рӯзи 6 марти соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров занону бонувон ва донишҷӯдухтарони донишкадаро ба муносибати идашон табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки дар айёми фарорасии фасли баҳор аввалин ҷашне, ки мо истиқбол мегирем, ин Рӯзи Модар аст ва қалби модар зеботарину ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд маҳсуб меёбад. Бузургии зан, пеш аз ҳама, дар он таҷассум мегардад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, нигоҳдорандаи забон ва фарҳанги миллӣ мебошад, гуфт мавсуф.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандзанон ва донишҷӯдухтарон, ки барои саҳми арзанда дар пешбурди таълиму тарбия аз ҷониби сохторҳои мухталиф қадрдонӣ гардида буданд, Сипосномаву Ифтихорнома супорида шуд. Аз он ҷумла, Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллимаи калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Миҷгона Холинова, Сипосномаҳои Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм ба муовини ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова, муаллимаи калони кафедраи менеҷменти молиявӣ Евгения Мирзоева ва сардори шуъбаи умумӣ Нурова Илолбӣ дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин барои муваффақият дар кор, фаъолияти бенуқсон ва дастовардҳои назарраси корӣ ба муносибати ҷашни модарон кормандони зерин: мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Манзура Раҳимова, ҳамшираи тиббӣ Хайриниссо Тешаева, сармутахассиси Китобхонаи илмӣ Шарифа Равшанова ва офис-бақайдгирандаи раёсати таълим Солеҳамо Аҳёнова бо Ифтихорномаи ДМИТ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин мусобиқаи варзишӣ аз намуди тенниси рӯйи миз, ки ба ифтихори Рӯзи модар ва Соли ҷавонон бо ташаббуси шуъбаи тарбия, кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи устодону кормандон дар байни донишҷӯдухтарони факултетҳо гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмун донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Субҳия Давлатқадамова Дипломи дараҷаи III, донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омор Наргиза Давлатова Дипломи дараҷаи II ва донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омор Навраста Ғафурзода Дипломи дараҷаи I тақдим гардид.
Дар чорабинӣ Иззатуллои Ҳабибзод, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ Холназар Назаров бонувон ва донишҷӯдухтарони донишкадаро ба муносибати фарорасии идҳои баҳорӣ бо шеърҳо табрик карданд.
Дар фарҷом дастаи ҳунарии бахши фарҳанги донишкада бо барномаи ҷолиб, ки аз шеъру суруд, бадеҳа, рақсу қироати шеърҳо ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ иборат буд, хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Хисрав Муҳиддинов