Хабарҳо

Арҷгузорӣ ба манзалати зан-модар
Санаи 7-уми март садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии илмӣ-амалӣ ва фарҳангї дар мавзӯи «Арҷгузорӣ ба манзалати зан-модар» баргузор намуд.
Дар чорабинӣ меҳмонон Ҷ. Ҳабибуллозода, намояндаи БДА «Амонатбонк», С. Лолаева, намояндаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Ф. Ниязбекова, намояндаи «Аввалин бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон» ширкат варзиданд.
Сухани ифтитоҳиро намояндаи шуъбаи тарбияи донишкада Ҷ. Боймуродов оғоз намуда, аз номи раёсати донишкада ва шуъбаи тарбия тамоми занони донишкадаро ба Рӯзи Модар табрику муборакбод намуд.
Сипас, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дотсент А. Нурализода дар баромади худ афзуд, ки ҷашни расмии Иди Модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани баланд гаштани мақому манзалати зан-Модар дар ҷомеаи мо буда, ин иқдом аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, он 6 марти соли 2009 ба ҳукми қонун даромад. Ва ҳар сол 8 март ин рӯзи мубораку хуҷастаро, ки ба оғози зеботарин фасли сол - баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон - Наврӯзи оламафрӯз баробар меояд, дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Номбурда дар интиҳои сухан аз номи садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт тамоми бонувони донишкадаро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, ба онҳо бахту саодат, иқболи нек, сарбаландӣ, хонаободӣ ва осудаҳолиро таманно намуд. Сипас чанд нафар бонувони факултет ва донишҷӯёни фаъол барои фаъолияти пурсамар ва хониши аъло бо Сипосномаву Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар идома донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси логистика Р. Олимова дар мавзӯи «Рӯзи модар боиси арҷгузорист» маърӯза намуд.
Дар охир донишҷӯён бо қироати шеър, иҷрои суруди алла, саҳнача ва суруди гурӯҳӣ хотири иштирокчиёнро болида сохтанд.
Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм