Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Идат муборак, модар!

Идат муборак, модар!

Дар таърихи 7 марти соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Модарон дар факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Модар чароғи зиндагӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова оғоз намуда, ҳамаи бонувону гулдухтарони факултет ва дар симои онҳо тамоми модарону бонувони Тоҷикистонро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрик гуфт.
Сипас донишҷӯён барномаи фарҳангии омоданамудаи хеш, аз қабили шеъру суруд, таронаю қиссаҳои хеле ҷолиб, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва васфи модар буд, пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар интиҳо декани факултет Хуршед Давлатов ҳамаи занон ва донишҷӯдухтарони факултетро бо гулдастаҳо табрик намуд.


Ҷовидон Халифаев