Хабарҳо

Таҳсили донишҷӯёни ДМИТ дар хориҷа
Ҳамасола шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ барои донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистр барномаҳои мубодилаи донишҷӯёнро ташкил менамояд. Маҳз дар доираи ҳамин барнома донишҷӯёни донишкада ин навбат барои идомаи таҳсил дар семестри баҳории соли хониши 2016-2017 ба Донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия равон гардиданд.
Барои таҳсил дар Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон танҳо 10 нафар донишҷӯи донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ интихоб шуданд, ки 4 нафари онҳо дар гурӯҳҳои англисии Донишгоҳи Нархоз таҳсил менамоянд. Санаи 23-юми январ ин донишҷӯён аз факултаҳои мухталиф ба Донишгоҳи Нархоз сафар намуданд.
Инчунин барои иштирок намудан дар барномаи мубодилаи донишҷӯён 9 нафар донишҷӯи арзанда барои таҳсил ба Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия интихоб шуданд. Аввали моҳи феврали соли ҷорӣ донишҷӯёни интихобшуда ба донишгоҳи номбурда сафар намуданд.
Дар маҷмӯъ, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ барои идомаи таҳсил дар семестри баҳории соли хониши 2016-2017 аз донишкада 19 нафар донишҷӯро ба хориҷа равон намуд, ки ин яке аз муваффақиятҳо дар ҷодаи тадбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён мебошад.
Бояд қайд намуд, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ барои сафарбар намудани донишҷӯён дар Барномаи мубодилаи донишҷӯён пешсаф буданд ва иштирокунандагони бештари ин барнома аз ин факултетҳо мебошанд. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба садоратҳои факултетҳои мазкур барои иштироки фаъоли донишҷӯёнашон сипоси худро мерасонад ва умедвор аст, ки дар оянда дигар факултетҳо низ фаъол мегарданд ва шумораи иштироккунандагони Барномаи мубодила зиёд хоҳад гашт.
Саломиён Шаҳром
мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ