Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи модар дар факултет

Таҷлили Рӯзи модар дар факултет

Рӯзи 7 марти соли равон бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзӯи «Дасти дуои модар» гузаронида шуд.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Шералиев Эмомалӣ оғоз намуда, имрӯзҳо боло рафтани мақому манзалати зан-Модарро ёдрас шуда, аҳли занону духтаронро бо идашон муборакбод намуд.
Сипас мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Сандалов Ҳокимбек бо сухани табрикотӣ баромад карда, посдорӣ ва эҳтироми модарро рисолати фарзандӣ номид.
Ҳомидов Саидҷон, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия дар мавзӯи «Нақши зан дар таҳким ва рушди ҷомеа» маъруза намуд.
Инчунин донишҷуёни факултет дар васфи Модар шеърҳо қироат карданд. 
Дар охир ба якчанд нафар устодон ва донишҷӯёни фаъол барои фаъолияти пурмаҳсул Ифтихорномаҳо супорида шуд.