Хабарҳо

Наврӯз ҷашни бостонист
Бо ташаббуси кафедраҳои забони тоҷикӣ ва русии донишкада бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинӣ доир гардид, ки он аз ду бахш иборат буд. Дар бахши илмии он маърӯзаҳои муаллимаҳои кафедраи забони русӣ Людмила Дрозденко ва Гулшан Наврӯзова дар бораи «Нақши Наврӯз дар тарбияи худшиносии миллӣ ва маънавиёти донишҷӯён» ироа гардид.
Маърӯзакунандагон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Наврӯз ҷашни бостонӣ буда, яке аз олитарин ва табиитарин ҷашнҳои мардумии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Наврӯз, яъне маънои рӯзи нав, ғалабаи нур бар зулмот, некӣ бар бадиро дошта, пайдоиши он ба давраи ҳукмронии шоҳ Ҷамшед рост меояд.
Меҳмони маҳфил, шоираи ширинкаломи тоҷик Раънои Мубориз ҳозиринро ба Соли ҷавонон ва ҷашни Наврӯз шодбош гуфта, чанд шеъри тозаэҷоди худро дар васфи Тоҷикистон ва баҳору Наврӯз қироат намуд.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеърҳои тозаэҷоди худ ва шоирони классику муосир, инчунин рақсу сурудҳои инъикоскунандаи баҳору зебоӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Н. Ҷобиров