Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шанбегии навбатӣ дар ДМИТ

Шанбегии навбатӣ дар ДМИТ

Рӯзи 12 марти соли равон бо мақсади кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, ҳамчунин қад-қади роҳи калони кӯчаи Борбад донишҷӯёну кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ба шанбегии умумӣ баромаданд.
Дар шанбегӣ устодону кормандон ва донишҷӯён зиёда аз 800 нафар иштирок намуда, атрофи роҳи калони кӯчаи Борбадро то кӯчаи Нахимови ноҳияи Сино рӯфта ва ба тартиб дароварда, ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Ҳамчунин як қисми донишҷӯёну кормандон атрофи ин таълимгоҳро тоза карда, заминҳоро побел ва бехи дарахту буттаҳоро мулоим карданд. Ниҳоли дарахтони сузанбарг ва санавбар шинонданд. Ҳамзамон аломати нишондоди роҳро рангубор карданд.
Ин қабил шанбегӣ то ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯз идома хоҳад ёфт.


Машҳура Абдуллоева