Хабарҳо

Рӯзи дарҳои кушод дар ДМИТ
Шурӯъ аз 13 марти соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҷалби довталабон Рӯзи дарҳои кушод эълон гардид.
Дар ин рӯз довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он барои ошно шудан бо шароити таълиму тадрис дар донишкада аз ин макони илму маърифат дидан карданд.
Бояд қайд кард, ки тамоми факултетҳои донишкада барои муаррифӣ кардани донишкада, дастоварду комёбиҳояшон дар самти илм ва инноватсия, таълим, тарбия ва варзиш ба маърази тамошои донишҷӯёни оянда гузоштанд.
Довталабон дар баробари шиносоӣ аз ин комёбиҳо боз аз шароити фароҳамовардашудаи синфхона, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳҳо, марказҳои тестӣ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии ДМИТ дидан карданд.
Ба довталабон буклет ва шумораи махсуси рӯзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод», ки муаррифгари ихтисосҳои роиҷи он аст, тақдим карда шуд.
Рӯзи дарҳои кушод дар донишкада то 18 марти соли равон давом хоҳад ёфт.
Хисрав Муҳиддинов