Хабарҳо

Ғолибони тенниси рӯйи миз муайян гардиданд
Яке аз хусусиятҳои Иди Наврӯз дар он аст, ки дар гӯшаву канори мамлакат мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мегардад. Ин аст, ки дар ДМИТ низ бо ташаббуси кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишкада бахшида ба Соли ҷавонон ва Иди байналмилалии Наврӯз миёни донишҷӯдухтарон ва писарони факултетҳо ва шуъбаҳои магистратураю аспирантура мусобиқаи тенниси рӯи миз баргузор намуд.
Дар мусобиқа аз ҳар факултет 3-нафарӣ ширкат варзида, маҳорату малакаи хешро нишон доданд.
Ҳамин тавр, дар байни донишҷӯдухтарон ҷои 1-ум насиби донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор Ғафурзода Наврастаи Аъзам гардид. Сазовори ҷойи сеюм донишҷӯи курси 1-уми ин факултет Наргис Давлатова ва мақоми 3-юмро донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Субҳия Давлатқадамова соҳиб гардид.
Дар бозии тенниси рӯи миз дар байни писарон бошад, ҷои 1-ум насиби донишҷӯи курси 2-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Комрон Шодиев, ҷои 2-юм ба донишҷӯи курси 2-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Мусулмон Назаров ва ҷои 3-юм насиби донишҷӯи курси 1-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Умед Сулаймонов гардид.
Мусобиқаҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ, фароғат, маданият ва дӯстию рафоқат доир гардида, дар охир ғолибон бо ифтихорнома, Ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Н. Ҷобиров