Хабарҳо

Ректор муаррифӣ шуд
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017 Давлатзода Қудрат Қамбар ба вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар нимаи дуюми рӯз ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва мушовири Президент оид ба масъалаҳои кадрӣ Шарифҷон Ҳакимзода ба аҳли коллективи меҳнатии донишкада муаррифӣ карданд.
Сараввал Нуриддин Саид аҳли нишастро бо фарорасии иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, барояшон хони пурфайз ва дар кори таълиму тарбия комёбиҳои нав ба нав таманно кард. Мавсуф дар бораи таъминкунандаи кадрҳои воломақоми давлатӣ эътироф шудани ДМИТ-ро ёдрас шуда, гуфт, ки ректорони собиқи таълимгоҳ олимони шинохта Раҳматулло Мирбобоев ба вазифаи муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ ва Ашурбой Солеҳзода ба вазифаи Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин гардида, фаъолияти пурсамар доранд. Имрӯз Қудрат Давлатзода ба вазифаи ректори ДМИТ таъйин гардид ва мо боварии комил дорем, ки дар якҷоягӣ бо коллективи меҳнатӣ ва такя ба иқтидори зеҳнии донишкада мавсуф низ фаъолияти муваффақона менамояд.
Ҳамчунин дар ин баробар барои пешрафт ва соҳиб гаштан ба мақоми донишгоҳ чанд талабот ва нишондиҳандаҳо гуфта шуд, ки иҷрои онҳо муҳим ва заруранд.
Сипас Шарифҷон Ҳакимзода қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъйин намудани Давлатзода Қудрат Қамбар ба вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон қироат карда, дар бораи шахсияти доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қ. ба ҳозирин маълумот дод.
Дар самти тайёр кардани мутахассисони баландпоя ва кадрҳое, ки тавонанд дар оянда Ватани моро пеш баранд, аз ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада масъулияти баланд талаб карда мешавад ва мо умед дорем, ки аҳли меҳнати таълимгоҳ аз иҷрои ин вазифаҳо мебарояд, гуфт Ҳакимзода Ш.
Профессори донишкада Ваҳҳоб Воҳидов баромад карда, ба вазифа арзанда будани мутахассиси ҷавон ва умедбахш, олими иқтисоддон Қ. Давлатзодаро таъкид карда, идома додани ташаббусҳои созандаи собиқ ректори донишкада Ашурбой Солеҳзодаро дар мавриди ба мақоми донишгоҳ сазовор гардонидани таълимгоҳ, боло бурдани рейтинги он дар арсаи мамлакат ва берун аз он, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат ёдрас шуд.
Дар охир ректори донишкада Қудрат Давлатзода баромад карда, гуфт, ки ба коллективи меҳнатӣ такя намуда, ҳамаи супоришу дастурҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои вазири маориф ва илми Тоҷикистонро бо масъулияти баланд иҷро хоҳем кард. Ҳайати профессорону устодон ва кормандонро дар иҷрои вазифаҳои худ ба муташаккилӣ ва меҳнати софдилона ҳидоят кард.
Машҳура Абдуллоева