Хабарҳо

УСТОДОН, КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ АЗИЗ!
Инак, Наврӯзи хуҷастапай боз дари кошонаҳои моро мекӯбад. Наврӯз аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он аз фарорасии фасли зебои сол - баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Моҳияти инсонӣ ва ваҳдатгароии Наврӯз омили аслии мондагорӣ ва ҷаҳонишавии ин ҷашни хуҷаста буда, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ҷавҳари он аст.
Истиқлолияти давлатӣ ва талошу заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Наврӯзи аҷам дар кишвари ободу озоди мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Наврӯзи аҷам ҳамчун мероси таърихии миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик аз ҷумлаи рӯзҳои нек ва василаи муҳимми созандагиву ободкориҳо мебошад. Рисолати наку ва асолати поки таърихии Наврӯзи хуҷастапай аст, ки он ҷашни байналмилалӣ эълон шуда, дар кишварҳои зиёди олам таҷлил карда мешавад.
Ситоиши зиндагии обод, пиндору рафтору кирдори нек, сулҳу созандагӣ ва инсондӯстӣ, ки аз ҳикматҳои бузурги Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд, ҷойгоҳи ин ҷашни бузургро дар анъанаҳои миллати куҳанбунёди тоҷик хоса мегардонад.
Бо арзи эҳтироми беандоза якояки Шуморо бо фарорасии ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, сарбаландӣ, хушбахтии оилавӣ ва дар ҷодаи кору фаъолият бурдбориҳои беназирро таманно менамоям.
Наврӯз ҷашни даъват ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва эҷодкорист.
Бигзор, ин баҳор ва ин Наврӯз оғози корҳои неку созандаатон бошад.
Наврӯзатон муборак!
Қудрат ДАВЛАТЗОДА, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон