Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Базми Наврӯзӣ бозгӯи эҳёи суннатҳои миллӣ

Базми Наврӯзӣ бозгӯи эҳёи суннатҳои миллӣ

Рӯзи 18 март дар донишкада иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон ва кормандони донишкада ва як қатор меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии идона Ашурбой Солеҳзода, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Диловар Қодирзода, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, Сабоҳат Маҳмадалиева, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагон аз ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. 
Дар базми наврӯзӣ устодону донишҷӯёни шаш факултет, шуъбаи магистратура, устодони кафедраҳои умумидонишкадавӣ ва кормандони китобхонаи илмӣ бо ороиши дастархони наврӯзии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Қобили зикр аст, ки дар байни факултетҳо барои ороиши беҳтарини дастархони наврӯзӣ, намоиш ва азбарнамоии либосҳои миллӣ, намоиш ва эҳёи суннатҳои наврӯзӣ озмун эълон гардида буд. Донишҷӯёну устодон дар намоиши анъанаҳои неки наврӯзӣ, аз қабили сурудхонӣ, фалаксароӣ, иҷрои суруди «Алла», пахтазанӣ, ресмонресӣ, гӯштини миллӣ, бандкашӣ, тухмбозӣ ва монанди инҳо аз якдигар монданӣ надоштанд. Ҳайати ҳакамон намоиши наврӯзиро аз ҷиҳати мазмун, мундариҷа, муаррифӣ ва иштироки донишҷӯён баҳогузорӣ карданд ва дар рӯзҳои наздик ҷамъбасти он эълон мегардад.
Navrz-403.jpgБаъдан базми наврӯзӣ дар варзишгоҳи донишкада, ки барои таҷлили Наврӯз омода шуда буд, бо шукӯҳ идома ёфт. Онро бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Қудрат Давлатзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз ҳамагонитарин ҷашни мардумист, ки бо рӯҳи зиндагисоз ва ваҳдатофари хеш ҳаёти башариятро саодатманд месозад. Наврӯз, нахуст аз ҳама, ҷашни бедории инсон, бедории рӯҳу ҷон аст, рӯзи ба ёд овардани гузашта ва рӯзи нигоҳ ба имрӯз ва андеша аз оянда аст. Наврӯз ҷашни даъват ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва эҷодкорист.
Наврӯзи ҷаҳонӣ ҷашни покиву зебоӣ ва ҷашни оғози эҳёст ва бошад, ки он иттиҳоду ваҳдати моро таҳким бахшида, дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон ато кунад, таманно намуд, дар охир ректор.
Сипас Ашурбой Солеҳзода, ректори собиқи донишкада ба сухан баромада, дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бо шукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош гуфт ва баҳрашон комёбию пирӯзӣ таманно намуд. Мавсуф бо дастовардҳои нав ба нав дар ҷодаи илм, дар ҷодаи таҳсил ва корҳои ҷамъиятӣ ба қуллаҳои баланд расидани донишкадаро таманно кард. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи аҷдодиро байналмилалӣ карданд. Ин муаррифии халқи тоҷик ва анъанаву одатҳои мо дар арсаи байналмилалӣ аст, гуфт Солеҳзода А.
Navrz-401.jpgДар охир ректори донишкада Давлатзода Қ. ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ – Дилноза Шавкатзода, магистранти курси 2, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Арӯси наврӯзӣ» барои ишғоли ҷойи 2 Дипломи дараҷаи 2 ва ба Алишер Воҳидов, донишҷӯи курси 4 факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт барои ғолибият дар Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Дипломи дараҷаи 1-ро тақдим кард. 
Дар қисми бадеӣ арӯси сол ба саҳна омада, ҳамагонро табрик гуфт ва бобои деҳқон ба замин донаи умеду баракат кишт ва аз шавқи баҳору Наврӯз дили ҷавонон ба шӯр омада, бо ҳам байтбарак намуданд.
Сурудҳои дилнавози лирикӣ ва ҷаззоби роҳбари бахши фарҳанги донишкада Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар, сурудҳои гурӯҳӣ, ҳаҷвӣ ва бадеҳахонии истеъдодҳои ҷавон, рақсҳои мавзуни донишҷӯдухтарон ва найнавозӣ ба базми наврӯзӣ шаҳомати дигар ва ба дилҳо фараҳу шодӣ овард. Ин ҷо баромади ҳаҷвнигоронро махсус қайд намудан бамаврид аст, ки саҳначаҳои ҳаҷвии аз ҳаёти ҷавонон омодашударо бо маҳорати хоси актёрӣ иҷро намуда, дили бинандагонро ба ваҷд оварданд.
Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишкада бозгӯи худшиносӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангпарварии ширкаткунандагони он буд.


Машҳура Абдуллоева