Хабарҳо

Ободсозии як гӯшаи шаҳр
Рӯзи 25 марти соли равон донишҷӯён, кормандон ва устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба мақсади тозаву озода ва обод кардани як гӯшаи шаҳри азизамон, аз ҷумла гирду атрофи таълимгоҳ, хобгоҳ ва роҳҳои наздики он ба шанбегӣ баромаданд. Дар ин амали нек қад-қади роҳи донишкада барои гулшинонӣ омода ва заминҳои наздиҳавлигӣ мулоим карда шуданд. Иштирокчиёни ҳашар бо сардории раёсати донишкада бехи дарахтонро нарм ва саҳни ҳавлии онро озодатар карданд.
Бояд гуфт, ки ҷойҳои тозакардашуда ранги дигар ва ҳусни зеборо гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ин қабил шанбегиҳо ҳар ҳафта гузаронида мешаванд.
Абдуллоева М.