Хабарҳо

Алишер Воҳидов – навовари беҳтарин
Бахшида ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 16-уми марти соли 2017 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо М.С. Осимӣ даври ҷамъбастии Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Озмуни беҳтарин шеър ва ҳикояи наврузӣ гузаронида шуд. Дар он 14 нафар донишҷӯи навовар ва ихтироъкор ва 7 нафар донишҷӯ дар озмуни беҳтарин шеър ва ҳикояи наврӯзӣ иштирок карданд.
Боиси сарфарозист, ки дар бахши информатика бо навоварии худ Алишер Воҳидов, донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (роҳбари илмӣ Воҳидов Умар) сазовори ҷои якум гардида, бо Диплом мукофотонида шуд.
Инчунин Олисомон Ҳоҷиев, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ (роҳбари илмӣ Тилабов Ё.Э.) ва Ҳомия Солиҳова, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ (роҳбари илмӣ Убайдов Ф.С.) барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Бо дастоварди наврӯзӣ ғолибонро муборакбод намуда, баҳрашон пирӯзиҳои навинро таманно дорем.
Машҳура Абдуллоева