Хабарҳо

Ғолибият муборак, Дилноза!
Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» барои дарёфти Шоҳҷоизаи арӯси наврӯзӣ баргузор гардид.
Озмуни мазкур тайи як моҳ идома дошта, даври аввали он дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида шуд. Санаи 17-уми марти соли ҷорӣ дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии он доир гардид.
Боиси шодмонист, ки дар ин озмун аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шавкатзода Дилноза, магистранти курси 2 иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ба Дилноза барои ишғоли ҷойи дуюм намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова Дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомониро дар вазъи тантанавӣ тақдим намуда, ба ӯ дар ҷодаи таҳсил ва кору пайкор барору комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.
М. Ғаффорова