Хабарҳо

Таҳлили эконометрикии соҳаи энергетика
Санаи 29 марти соли ҷорӣ кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт семинарии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таҳлили эконометрикии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.
Дар оғози семинар муовини декани факултет оид ба илм Умар Воҳидов мавзӯи баррасишавандаи чорабиниро таҳлили дастовардҳои соҳаи энергетикаи даврони соҳибистиқлолии кишвар маънидод кард.
Сипас ассистенти кафедра Муҳайё Аламшоева баромад карда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарватҳои бойи табиӣ мебошад. Истифодаи ин сарватҳо метавонад боиси рушди босуръати иқтисодӣ гардад. Яке аз роҳҳои ҳалли инкишофи истеҳсолоти иқтисодии Тоҷикистон ин вусъат додани соҳаи энергетика мебошад. Имрӯз дар сиёсати дохилию хориҷии мамлакат пеш бурдани соҳаи энергетика дар ҷои аввал меистад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги неруи барқи обӣ буда, аз рӯи ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол мекунад. Захираҳои умумии солонаи иқтидори барқӣ-обӣ дар ҷумҳурӣ қариб 527 млрд. кВт.соат-ро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 3-4 фоиз истифода бурда мешаваду халос, гуфт М. Аламшоева.
Ҳамин тавр, гуфта шуд, ки асоси рушди иқтисодиёти кишвар аз рушди соҳаи энергетика вобастагии амиқ дорад.
Хисрав Муҳиддинов