Хабарҳо

Методологияи банақшагирии хароҷотҳои буҷетӣ
Дар таърихи 29 марти соли равон кафедраи молия ва муомилоти пулӣ семинари илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Методологияи банақшагирии хароҷотҳои буҷетӣ» баргузор намуд.
Дотсенти кафедра Гулмаҳмад Оймаҳмадов дар мавзӯи мавриди назар маърӯза карда, қайд намуд, ки дар иқтисодиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо сохтори буҷетию иҷтимоии он аз банақшагирию ояндабинӣ истифода карда, фаъолияташонро пеш бурда истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз буҷет ва суғуртаи иҷтимоӣ дигар сохторҳо, аз он ҷумла заводу фабрикаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомию холдингӣ ва ҷамъиятҳои кушодаву пӯшидаи масъулиятдори давлат низ аз банақшагирӣ истифода намебаранд.
Ояндабинию банақшагирӣ шароитро барои такрористеҳсоли ҳамаи шаклҳои истеҳсолот фароҳам меорад, гуфт маърӯзачӣ.
Дар охир миёни иштирокчиён мубоҳиса сурат гирифт.
Хисрав Муҳиддинов