Хабарҳо

Баррасии алоқамандии математика бо иқтисодиёт
Рӯзи 30-юми март дар донишкада бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши математика дар рушди иқтисодиёти муосир» доир гардид, ки дар он алоқамандии математика бо иқтисодиёт мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт.
Нахуст зимни ифтитоҳи конференсия муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки қайд гардидааст: «Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад» иқтибос оварда, ин таъкиди Пешвои миллатро воқеӣ ва бамаврид хонд.
Ба андешаи мавсуф, яке аз масъалаҳои марказии ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён дар ҷараёни таълим ҳамаҷониба истифода бурдани алоқамандии байни фанҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Ин, аз як тараф, барои баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва донишҳои назариявии хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ба рушди имкониятҳои инкишофдиҳанда ва тарбиявии низоми фанҳои таълимӣ ёрӣ мерасонад.
Ғ. Ашуров дар идома алоқамандии байни фанҳои метематикаю иқтисодиётро шарҳ дода, иброз намуд, ки математика муҳиммияте дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти муосир мебошад. Методҳои математикӣ кайҳо боз дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиёт нақши худро гузоштаанд.
Дар идома доктори илмҳои физика-математика, профессори ДМИТ Нурулло Усмонов зимни ироаи маърӯзаи хеш дар мавзӯи «Татбиқи максимум ва минимуми функсияҳои бисёртағйирёбанда дар масъалаҳои иқтисодӣ» изҳор дошт, ки имрӯзҳо зарурати донишҷӯёнро ба илмҳои талаби замони муосир сафарбарнамоӣ фаро расидааст. Аз ин рӯ, мо бояд онҳоро бештар барои тадқиқотҳои илмӣ омода намоем ва алоқамандии байни фанҳоро ба онҳо омӯзем. Ҳар фане, ки ба математика алоқаманд мегардад, он рушду пешрафт менамояд, зеро математика дар маркази тараққиёти ҳамаи фанҳо қарор дорад. Масъалаҳои мушаххасро вобаста ба ин ё он фан дақиқ менамояд.
Ҳамчунин дар кори конференсия маърӯзаҳои устодони дигари кафедраи математикаи олӣ ва донишкада, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 15 маърӯзаро дар бар мегирифт, шунида шуд.
Дар охир суолу ҷавобҳо ва муҳокимаҳо сурат гирифта, барои беҳтар намудани ин алоқамандӣ ва истифодаи васеи фанни математика дар бахшҳои экология, энергияи сабз ва дигар матолиби мавриди назар ба сохторҳои дахлдор пешниҳодҳои мушаххас карда шуд.
Наврӯз Ҷобиров