Хабарҳо

Иштироки донишҷӯён дар озмун-олимпиада
Санаи 10-уми марти соли 2017 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инчунин дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни зинаи бакалавр ва мутахассиси курсҳои 1-5-уми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи илмҳои математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ иштирок доштанд.
Дар озмуни мазкур Шамсов Сайидо, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва қарз аз фанни назарияи иқтисодӣ (роҳбари илмӣ Балхов Д.) ва Ҳоҷиев Олисомон, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аз фанни геология (роҳбари илмӣ Саидов Х.) сазовори ҷойҳои сеюм, Абдуллоева Бахтия, донишҷӯи курси 1-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аз фанни астрономия (роҳбари илмӣ Қаландаров А.), Каримов Ашурбой, донишҷӯи курси 4-уми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик (роҳбари илмӣ Ҳомидова Қ.) ва Маллаева Манзура, магистранти курси 1-ум аз фанни назарияи иқтисодӣ бо Ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.
Муқимов Қ.М., сардори Раёсати илм ва инноватсия