Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар Соли ҷавонон фаъолияти ҷавонон беҳтар мешавад

Дар Соли ҷавонон фаъолияти ҷавонон беҳтар мешавад

Санаи 29 март дар донишкада бо мақсади дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдод, кордон, навовар, беҳтарсозии таҳсилу фаъолияти донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда ва созмонҳои ҷавонони факултетҳо вохӯрии судманд доир гардид.
Вохӯриро мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳҳо Ҷовид Боймуродов оғоз намуда, мақсади баргузории онро ба иштирокчиён шарҳ дод. 
Сипас, Абдулло Давлатзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада ҷиҳати таҷдиди сохтори кор бо ҷавонон сухан намуда, қайд кард, ки ташкили ин шуъба падидаи беҳтарин дар Соли ҷавонон мебошад ва бароҳмонии фаъолияти самарабахши он метавонад ба манфиати ҷавонону донишҷӯён бошад.
Номбурда дар идома изҳор дошт, ки дар мадди аввал мо бояд чораҳои беҳтаргардонии фаъолияти созмонҳои кор бо ҷавононро дар факултетҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монем. Дар ин баробар ба масъалаи тарбиявии донишҷӯён, фаъолнокии онҳо дар самти илму технологияҳои навин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ба ин васила маърифати зеҳнии ҷавононро ташаккул дода, қобилияти худтакмилдиҳиву худмуаррифии онҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оварем.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои фаъолнокии сардорони гурӯҳҳо, донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда ва ташаккули ҳаракати волонтёрон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Н. Ҷобиров