Хабарҳо

Баррасии танзими ҳуқуқии тақсимоти фоидаи ҷамъиятҳои саҳомӣ
Санаи 31 марти соли ҷорӣ кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии тақсимоти фоидаи бадастовардаи ҷамъиятҳои саҳомӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.
Дар он Ҷамрод Бобоев, н.и.ҳ. дар мавзӯи зикргардида маъруза карда, афзуд, ки инкишофи ҷамъият ва истеҳсолот қонуниятҳои объективӣ мебошанд. Сатҳи дороии саҳомон низ маҳз аз инкишофи корхона вобастагӣ дорад. Сиёсати судии (дивиденд) ҷамъият бояд чунин бошад, ки механизми муайян намудани ҳаҷми суди саҳмия ва пардохти он барои саҳомон шаффоф ва фаҳмо бошад. Саҳомонро роҷеъ ба ҳолати молиявӣ ба иштибоҳ наорад, тартиби пардохти суди саҳмия то андозае сода бошад.
Дар фарҷом, миёни иштирокчиён ва маърузачӣ мубоҳиса сурат гирифт.
Сулаймон Дӯстов, ассистенти кафедра