Хабарҳо

Сафари омӯзишии устодони ДМИТ ба шаҳри Парижи Фаронса
Аз таърихи 26 то 31 марти соли ҷорӣ 9 нафар устодони донишкада Сафаров Б.Г. – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Кошонова М.- директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Молия”, Давлатов Х. – декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, Ҷӯраев Хуррам – директори Маркази такмили ихтисоси ДМИТ, Сандалов Ҳ. – мудири кафедраи кори бонкӣ, Муллоев П.- сардори Маркази Think Tank ва устодон Ҷабборова М., Мирзоева Е. ва Хушмуҳаммадзода З. дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ» дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Фаронса сафари омӯзишӣ ба анҷом расониданд. Дар ин сафар муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмуҳаммадиён Ҷамшед, намояндагони лоиҳа Давлатов Искандар ва Шарипова Елена ҳам ҳамроҳӣ намуданд.
Дар муддати 6 рӯзи сафари омӯзишӣ ва таълимӣ устодони донишкада ва дигар ҳамроҳони онҳо ба се донишгоҳи шаҳри Париж, ба монанди Сорбони Нав III, Донишгоҳи Доффин ва Донишгоҳи педагогии Версал, инчунин якчанд марказҳои таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ташриф оварданд. Дар донишгоҳҳои мазкур меҳмонон аз усулҳои нави таълим, синфхонаҳои бо техникаи муосир ҷиҳозонидашуда ва лабораторияҳо дидан карданд.Дар давоми ин вохӯриҳо ба донишгоҳҳои фаронсавӣ шартномаҳои ҳамкорӣ пешниҳод гардиданд ва умедворем дар рузҳои наздик ба имзо хоҳанд расид.
Сафари омӯзишии устодон ва кормандони ДМИТ аз донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Фаронса тибқи барномаи таҳиягашта дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Ҳайати гурӯҳ дар вохӯриҳо фаъолона ширкат варзиданд. Дар доираи сафар ба иштирокчиён имкон пайдо шуд, ки аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Париж низ дидан намуда, аз урфу одат ва маданияти сокинони ин шаҳр ва шаҳри Версал ошноӣ пайдо намоянд.
Маданияти шаҳрдорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ, забон ва урфу одат дар Фаронса хуб ба роҳ монда шудааст, ки қобили ибрат ва истифодаи он дар тарбияи ҷавонон дар ДМИТ ва ҷомеа мебошад. Устодони муассисаҳои таълимии олии Фаронса ба сиёсати Ҳукумати кишвар бо назари нек менигаранд. Ҳар як донишгоҳ дар ин ё он минтақа ё шаҳр миссияи минтақавии худро дошта, бо мақомоти маҳалии идоракунии давлатӣ ва соҳибкорон зич ҳамкорӣ менамоянд ва натиҷаи корашонро низ дар болоравии сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҳамон минтақа медонанд. Дар Фаронса боло бурдани мавқеи (имидҷи) донишгоҳҳо танҳо дар 3 ҳолат ба даст оварда мешавад;
- хатмкунандагони баландихтисосро ба бозори меҳнат пешниҳод менамоянд (Донишгоҳи Дофин),
- ҳамчун муассисаи илмӣ дар ҷомеа шинохта шудаанд (донишгоҳҳои Сорбон, Дофин ва Версал лаборатория ва инкубаторҳо ташкил намудаанд),
- талабот барои тайёр кардани мутахассисон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ зиёд аст (Дофин 500 нафар, Сорбон 300 нафар донишҷӯи хориҷӣ доранд).
Умуман, устодони донишкада аз ин сафари омӯзишӣ хеле чизҳои муфидро аз худ намуданд ва бо таассуроти бой баргаштанд.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ