Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастовардҳои варзишии донишҷӯёни мо

Дастовардҳои варзишии донишҷӯёни мо

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки донишҷӯёни мо пайваста дар мусобиқоти варзишии ҷумҳуриявӣ ғолиб омада, номи донишкадаро боло мебаранд. Ин навбат Меҳрнӯши Иззатшоҳ, донишҷӯи соли дуюми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2001, ки рӯзи 2-юми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуда, ба гирифтани ҷои аввал сазовор гардид. Пас аз шикаст додани чор нафар варзишгар ба ӯ муяссар гардид, ки ғолиби мутлақ гардад. 
Ин пирӯзии аввалини Меҳрнӯш нест. Ӯ дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба самбо, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 26 марти соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуда буд, дар вазни 82 кг иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гардид ва соҳиби диплом, медал ва номзад ба унвонии устоди варзиш оид ба намуди гӯштини самбо шуд. 
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи «самбо»-и Хуҷанд Зафарҷон Алиев, донишҷӯи курси 2, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ низ иштирок карда, сазовори ҷои дуюм гашт. Устоди Меҳрнӯш ва Зафарҷон мураббии самбои донишкада Муҳаммад Саидов мебошад.
Ҳамчунин Абдулҳамид Муҳибов, донишҷӯи курси 1, факултети молия ва қарз низ дар ин мусобиқа дар вазни беш аз 90 кг ширкат варзида, сазовори ҷои якум гардид. Мураббии ӯ Ибодулло Айниддинов - муаллими калони кафедраи варзиш мебошад. 
Ин дастовардҳои назарраси варзиширо ба донишҷӯён табрик намуда, умедворем, ки дар чорабиниҳои минбаъда низ сарбаландона баромад  ва донишкадаро муаррифӣ мекунанд.


Насрулло Тӯйчизода